Дили хунхораро якбора бистон

691

Дили хунхораро якбора бистон,
Зи ғам садпора шуд, якпора бистон!

Бикун ҷони маро имрӯз чора,
В-агар не, ҷон аз ин бечора бистон!

Ҳама шаб дӯш мегуфтам: «Худоё,
Ки доди ман аз он хунхора бистон!

Дили сангини ӯ чун рехт хунам,
Ту хуни ман зи санги хора бистон!»

Ба дасти дил фиристодам ду-се хат,
Яке хатро аз он овора бистон!

Дар он хат сурату ашколи ишқ аст,
Барои ибрату наззора бистон!

Дилам бо ишқ ҳамистора афтод,
Нахоҳӣ, ҷурм аз истора бистон!».