Чаро мункир шудӣ, ай мири кӯрон

692

Чаро мункир шудӣ, ай мири кӯрон,
Намегӯям, ки «Маҷнунро машӯрон!».

Ту мегӯйӣ, ки бинмо ғайбиёнро,
Сатиронро чи нисбат бо сутурон?!

Дар ин дарё чи киштиву чи тахта,
Дар ин бахшиш чи наздикон, чи дурон!

Адам дарёст в-ин олам яке каф,
Сулаймонест в-ин халқон чу мӯрон!

Зи ҷӯши баҳр ояд каф ба ҳастӣ,
Ду пора каф бувад Эрону Тӯрон!

Дар он ҷӯшиш, бигӯ, кӯшиш чӣ бошад?!
Чи мелофанд аз сабр ин сабурон?!

Аз ин баҳранд зиштонгашта нағзон,
Аз ин мавҷанд ширингашта шӯрон!

Напардозӣ ба ман, ай Шамси Табрез,
Ки дар ишқат ҳамесӯзанд ҳурон!