Дил бо дили дӯст дар ҳанин бошад

250

Дил бо дили дӯст дар ҳанин1 бошад,
Гӯёи хамӯш ҳамчунин бошад!

Гӯям сухану забон наҷунбонам,
Чун гӯши ҳасуд дар камин бошад!

Донам, ки забону гӯш ғаммозанд,
Бо дил гӯям, ки дил амин бошад!

Сад шуълаи оташ аст дар дида
Аз нуктаи дил, ки оташин бошад!

Худ турфатар ин, ки дар дили оташ
Чандин гулу сарву ёсамин бошад!

З-он оташ боғ сабзтар гардад,
То оташу об ҳамнишин бошад!

Ай рӯҳ, муқими марғзорӣ ту,
К-он ҷо дилу ақл доначин бошад!

Он сӯй, ки куфру дин намегунҷад,
Кай мову мани фалон дин бошад?!


1 Нолаву зорӣ.