Касе, ки ғайри ин савдо-ш набвад

249

Касе, ки ғайри ин савдо-ш набвад,
Зи завқи мош ёди мо-ш набвад!

Мисоли гӯй дар майдони ҳайрат
Давон бошад, агарчи по-ш набвад!

Вуҷуде, ки нараст аз сояи х(в)аш,
Паноҳи сояи анқо-ш набвад!

Намояд ойна симои ҳар кас,
Азеро сурату симо-ш набвад!

Ба рӯзе сад ҳазорон айбу хубӣ
Бигӯяд ойна, ғавғо-ш набвад!

Надорад ойна бо зишт буғзе,
Ҳавои чиҳраи зебо-ш набвад!

Даҳоне з-ин шакар маҷрӯҳ гардад,
Ки дандонҳои шаккархо-ш набвад!

Ба парҳое аҷиб дил барпаридӣ,
Валек аз доми ӯ парво-ш набвад!

Бирав, чун маҳ пайи хуршед мекоҳ,
Ки бе коҳиш ҷамолафзо-ш набвад!