Дил бо хаёли он лаби майгун зи даст шуд

Дил бо хаёли он лаби майгун зи даст шуд,
Ай оқилон, канора, ки девона маст шуд.

Натвон ба кунҷи сабр нишастан, чунин ки ёр
Бархост бозу фитнаи аҳли нишаст шуд.

Аз тарфи боғ нолаи булбул намерасад,
Мискин магар ба доми гуле пойбаст шуд.

Он бут намуд акси рухи худ дар ойина,
Ман бутпараст гаштаму ӯ худпараст шуд.

Бигзар дило, ба фикри даҳонаш зи буди хеш,
Чун нестӣ-ст оқибати ҳар чӣ, ҳаст шуд.

Аз тоҷи салтанат сари мо гар нашуд баланд,
Ин бас, ки зери пойи ту чун хок паст шуд.

Ҷомӣ шикаст шишаи тақвову кори ӯ
Дар ошиқӣ дуруст ҳама з-он шикаст шуд.