Чу лаб ба кӯза ниҳӣ, кӯзаи набот шавад

Чу лаб ба кӯза ниҳӣ, кӯзаи набот шавад,
Зи кӯза қатра чакад, чашмаи Ҳаёт шавад.

Зи рашки он ки чаро кӯза лаб ниҳад ба лабат,
Маро ду дида зи нам Даҷлаю Фурот шавад.

Аз он зулоли бақо, к-оби нимхӯрдаи туст,
Чу Хизр ҳар кӣ хурад, эмин аз мамот шавад.

Маризи ишқи ту чун моили шифо гардад?
Асири қайди ту кай толиби наҷот шавад?

Зи Каъба буд нишоне дилам, чӣ донистам,
Ки баҳри чун ту буте дайри Суманот1 шавад.

Ниҳод рӯ ба адам дил, чу тухми меҳри ту кишт,
Чу он ҳариф, ки ногаҳ зи кишт мот шавад.

Ниҳод чашм ба роҳи ту мунтазир Ҷомӣ,
Ки бигзарӣ ба сари ӯву хоки по-т шавад.


1 Суманот – номи бутхонаи машҳури Ҳинд, ки Султон Маҳмуд онро
вайрон карда буд.