Доми дигар ниҳодаам, то ки магар бигирамаш

424

Доми дигар ниҳодаам, то ки магар бигирамаш,
Он ки биҷаст аз кафам, бори дигар бигирамаш!

Он ки ба дил асирамаш, дар дилу ҷон пазирамаш,
Гарчи гузашт умри ман, боз зи сар бигирамаш!

Дил бигудохт чун шакар, боз фасурд чун ҷигар,
Боз равон шуд аз басар, то ба назар бигирамаш!

Роҳ барам ба сӯйи ӯ, шаб ба чароғи рӯйи ӯ,
Чун бирасам ба кӯйи ӯ, ҳалқаи дар бигирамаш!

Дарди дилам батар шуда, чиҳраи ман чу зар шуда,
То зи рухам чу зар барад, бар сари дар бигирамаш!

Гарчи камар шудам, чи шуд?! Ҳар чи батар шудам, чи шуд?!
Зеру забар шудам, чи шуд?! Зеру забар бигирамаш!

То ба саҳар бипоямаш, ҳамчу шакар бихоямаш,
Банди қабо кушоямаш, банди камар бигирамаш!

Хоб шудаст наргисаш, зуд дароям аз пасаш,
Кард сафар ба хоби х(в)аш, роҳи сафар бигирамаш!