Ёр нахоҳам, ки бувад бадхуву ғамхору турш

423

Ёр нахоҳам, ки бувад бадхуву ғамхору турш.
Чун лаҳаду гӯри муғон тангу дилафшору турш!

Ёр чу ойина бувад, дӯст чу лавзина1 бувад,
Соъати ёрӣ набувад хойифу фаррору турш!

Ҳар ки бувад ошиқи худ, панҷ нишон дорад бад:
Сахтдилу сустқадам, коҳилу бекору турш!

В-ар чашамаш, беш бувад, ҳам туршӣ беш кунад,
Дон масали бешии ӯ сиркаи бисёру турш!

Бас кун шарҳи туршон, инқадарӣ баҳри нишон,
Кай талабад дар дилу ҷон табъи шакарбору турш?!


1 Ҳалво.