Дӣ миёни ошиқон соқиву мутриб мир буд

267

Дӣ миёни ошиқон соқиву мутриб мир буд,
Дарҳам афтодем, зеро рӯзи гирогир буд!

Ақл ботадбир омад дар миёни ҷӯши мо,
Дар чунон оташ чи ҷойи ақл ё тадбир буд?!

Дар шикори бедилон сад дидаи ҷон дом буд
В-аз камони ишқ паррон сад ҳазорон тир буд!

Оҳуе метохт он ҷо бар мисоли аждаҳо,
Бар шумори хок шерон пеши ӯ нахчир буд!

Дидам он ҷо пирмарде, турфае, рӯҳоние,
Чашми ӯ чун ташти хуну мӯйи ӯ чун шир буд!

Дидам: он оҳу баногаҳ ҷониби он пир тохт,
Чархҳо аз ҳам ҷудо шуд, гӯйиё, тазвир буд!

Косаи хуршеду маҳ аз арбада дарҳам шикаст,
Чунки соғарҳои мастон нек ботавфир буд!

Рӯҳи қудсиро бипурсидам аз он аҳвол, гуфт:
«Бехудам ман, менадонам, фитнаи он пир буд?!»

Шамси Табрезӣ, ту донӣ ҳолати мастони хеш,
Бе дилу дастам, Худовандо, агар тақсир буд!