Зарра-зарра офтоби ишқ дурдихор бод

268

Зарра-зарра офтоби ишқ дурдихор бод,
Мӯбамӯйи мо бад-он сар Ҷафъари Тайёр бод!

Зарраҳо бар офтобат ҳар замон бар мезананд,
Ҳар ки ин бар хӯрд аз ту, аз ту бархурдор бод!

Ҳар куҷо як тори мӯят бар ҳавас сар мениҳад,
Тори моро пуд боду пуди моро тор бод!

Дар биёбони ғам аз дурии дорулмулки васл
Чанд ғамбардор будастам, ки ғам бар дор бод!

Хори мискине, ки ҳар дам таънаи гул мекашад,
Хоҷаи гулзор боду аз ҳасад гул зор бод!

Гулпарастони чаманро душмани махфист мор,
Ин чаман бе мор боду душманаш бемор бод!

Чунки ғамхоре набошад, сахт душвор аст ғам,
Ҳамнишин ғамхор боду баъд аз ин ғам хор бод!