Қанд бикшой, ай санам, то айшро ширин кунад

269

Қанд бикшой, ай санам, то айшро ширин кунад,
Ҳин, ки омад дуди ғам, то халқро ғамгин кунад!

Ай ту ранги офият, зеро ки моҳ аз хосият
Сангҳоро лаъл созад, меваро рангин кунад!

Парда бардор, ай қамар, пинҳон макун тунги шакар,
То бари симини ту аҳволи мо заррин кунад!

Ишқи ту ҳайрон кунад, дидори ту хандон кунад,
З-он ки дарё он кунад, зеро ки гавҳар ин кунад!

Аз миёни дил, сабӯҳе, к-офтобат теғ зад,
Гардани ҷонро бизан, гар чархро тамкин кунад!

Чашми ту дар чашмҳо резад шаробе, к-аз сафо
З-он суйи ҳафтод парда дидаро раҳбин кунад!

Гар шабе хилват кунӣ, гӯям ман андар гӯши ту
Лутфҳоеро, ки бо мо шаҳ Салоҳуддин кунад!