Он замонеро, ки чашм аз чашми ӯ махмур буд

270

Он замонеро, ки чашм аз чашми ӯ махмур буд,
Чун расидаш чашми бад, к-аз чашмҳо мастур буд?!

Шодии шабҳои мо, к-аз мушку анбар парда дошт,
Шодии он субҳҳо, к-аз ёр пуркофур буд!

Аз фарози аршу курсӣ бонги таҳсин мерасад,
То ба пушти гову моҳӣ аз рухаш пурнур буд!

Ҳар тараф аз ҳусни ӯ буд Лайлие косидшуда,
Зарра-зарра ҳамчу Маҷнун ошиқи машҳур буд!

Дил ба пеши рӯйи ӯ чун Боязид андар мазид,
Ҷон даровезон зи зулфаш шеваи Мансур буд!

Шамъи ишқафрӯзро як бори дигар андар ор,
Кӯрии он кас, ки ӯ аз ишрати мо дур буд!

Соқие бо ратл омад, мар-маро аз кор бурд,
Гози мастӣ ман надонистам, ки рашки ҳур буд!

Нақши Шамсуддини Табрезист ҷони ҷони ишқ,
К-ин ба дафтарҳои ишқ андар азал мастур буд!