Фахри ҷумла соқиёнӣ, соғарат дар кор бод

271

Фахри ҷумла соқиёнӣ, соғарат дар кор бод,
Чашми ту махмур боду ҷони мо хаммор бод!

Ай зи нӯшонӯши базмат ҳушҳо беҳуш бод
В-ай зи ҷӯшоҷӯши ишқат ақл бедастор бод!

Чун занони Миср ҷонро дасту дил маҷрӯҳ бод,
Юсуфи мисрӣ ҳамеша шӯриши бозор бод!

Соқиё, аз дасти ту бас дастҳо аз даст шуд,
Масти ту аз дасти ту пайваста бархурдор бод!

Мағзи мо пурбод боду машки мо пуроб бод,
Боди моро в-оби моро ишқ пазруфтор бод!

Шоҳи хубон мири мову ишқ гирогири мо,
Ҷони давлат ёри мову бахту давлат ёр бод!

Саркашему сархушему якдигарро мекушем,
Ин вуҷуди мо ҳамеша ҷозиби асрор бод!