Маст омад дилбарам, то дил барад аз бомдод

272

Маст омад дилбарам, то дил барад аз бомдод,
Ай мусалмонон, зи дасти маст дилбар дод, дод!

Дӣ дили ман меҷаҳиду ҳар ду чашмам мепарид,
Гуфтам: «Ин дил то чӣ бинад в-ин ду чашмам бомдод?!»

Бомдодон андар ин андеша будам, ногаҳон
Ишқи ту дар сурати маҳ пешам омад, шод бод!

Ман кӣ бошам?! Боду хоку обу оташ масти ӯст!
Оташи ӯ то чӣ орад бар ману бар хоку бод?!

Ишқ аз ӯ обистан асту ин чаҳор аз ишқи ӯ,
Ин ҷаҳон з-ин чор зоду в-ин чаҳор аз ишқ зод!