Дӣ саҳарӣ бар гузаре гуфт маро ёр

362

Дӣ саҳарӣ бар гузаре гуфт маро ёр:
«Шефтаву бехабарӣ чанд аз ин кор!

Чиҳраи ман рашки гулу дидаи худро
Карда пур аз хуни ҷигар дар талаби хор?!»

Гуфтам, ки ай пеши қадат сарв ниҳоле,
Гуфтам, ки ай пеши рухат шамъи фалак тор.

Гуфтам, ки ай зеру забар чарху заминат,
Нест аҷаб, гар бари ту нест маро бор!

Гуфт: «Манам ҷону дилат, хира чӣ бошӣ?!
Дам мазану бош бари симбарам зор!»

Гуфтам, ки ай аз дилу ҷон бурда қароре,
Нест маро тоби сукун! Гуфт: «Ба як бор?!

Қатраи дарёи манӣ, дам чи занӣ беш?!
Ғарқа шаву ҷони садаф пур зи гуҳар дор!».