Маро ҳамчун падар бингар, на ҳамчун шавҳари модар

363

Маро ҳамчун падар бингар, на ҳамчун шавҳари модар,
Падарро нек воқиф дон аз он кажбозии музмар1!

Ту гардӣ рост авлотар, аз он ки каж ниҳӣ ӯро,
В-агар ту каж ниҳӣ ӯро, ба истезат кунад кажтар!

Зи бобо бишнаву барҷаҳ, ки султонет мехонад,
Ки хоки ӯст Кайхусрав, бимирад пеши ӯ Санҷар!

Чу иналлоҳ ядъуро шунидӣ, каж макун рӯро,
Зиҳӣ роъӣ, зиҳӣ доъӣ, зиҳӣ роҳу зиҳӣ раҳбар!

Пароканда шудӣ, ай ҷон, ба ҳар дарду ба ҳар дармон,
Зи ишқаш ҷӯй ҷамъийят, дар он ҷомиъ биниҳ минбар!

Чу карру фарри ӯ дидӣ, туйӣ каррору шери Ҳақ,
Чу болу парри ӯ дидӣ, туйӣ тайёр чун Ҷаъфар!


1 Ниҳон, пӯшида, махфӣ.