Имрӯз, биҳамдуллаҳ, аз дӣ батар аст ин дил

471

Имрӯз, биҳамдуллаҳ, аз дӣ батар аст ин дил,
Имрӯз дар ин савдо ранге дигар аст ин дил!

Дар зери дарахти гул, дӣ бода ҳамехӯрд ӯ,
Аз хӯрдани он бода зеру забар аст ин дил!

Азбаски найи ишқат нолид дар ин парда,
Аз завқи найи ишқат ҳамчун шакар аст ин дил!

Банди камарат гаштам, ай шуҳрақабои ман,
То баста ба гирди ту ҳамчун камар аст ин дил!

Аз парвариши обат, ай баҳри ҳаловатҳо,
Ҳамчун садаф аст ин тан, ҳамчун гуҳар аст ин дил!

Чун хонаи ҳар муъмин аз ишқи ту вайрон шуд,
Ҳар лаҳза дар ин шӯриш бар бому дар аст ин дил!

Шамсулҳақи Табрезӣ тобанда чу хуршед аст
В-аз тобиши хуршедаш ҳамчун саҳар аст ин дил!