Бақо андар бақо бошад тариқи камзанон, ай дил

470

Бақо андар бақо бошад тариқи камзанон, ай дил,
Яқин андар яқин омад қаландар, бегумон, ай дил!

Ба ҳар лаҳза зи тадбире ба иқлиме равад мире,
Зи ҷоҳу қуввати пире, ки бошад ғайбдон, ай дил!

Куҷо бошед соҳибдил ду рӯз андар яке манзил,
Чу ӯро сер шуд ҳосил аз он сӯйи ҷаҳон, ай дил!

Чу бигзаштӣ ту гардунро, бидидӣ баҳри пурхунро,
Бибин ту моҳи бечунро ба шаҳри ломакон, ай дил!

Забуни он кашиш бошад касе, к-он раҳ хушаш бошад,
Равонаш пурчашиш бошад, зиҳӣ ҷону равон, ай дил!

Диҳад нуре табиъатро, диҳад доде шариъатро,
Чу биспорад вадиъатро, бидон сарҳадди ҷон, ай дил!

Шунудӣ Шамси Табрезӣ, гумон бурдӣ аз ӯ чизе,
Яке сирре диломезе, туро омад аён, ай дил!