Ҳалқаи дил задам шабе дар ҳаваси саломи дил

469

Ҳалқаи дил задам шабе дар ҳаваси саломи дил,
Бонг расид, кист он, гуфтам: «Ман — ғуломи дил!».

Шуълаи нури он қамар мезад аз шикофи дар
Бар дилу чашми раҳгузар, аз бари некноми дил!

Мавҷ зи рӯйи нури дил пур шуда буд кӯйи дил,
Кӯзаи офтобу маҳ гашта камини ҷоми дил.

Ақли кул ар сарӣ кунад, бо дил чокарӣ кунад,
Гардани ақлу сад чу ӯ баста ба банди доми дил.

Рафта ба чарх валвала, кавн гирифта машъала,
Халқ гусаста силсила аз тарафи паёми дил!

Нур гирифта аз бараш курсиву арши акбараш,
Рӯҳ нишаста бар дараш менигарад ба боми дил!

Нест қаландар аз башар, нак ба ту гуфт мухтасар:
Ҷумла назар бувад, назар, дар хамушӣ каломи дил!

Ҷумлаи кавн масти дил, гашта забун ба дасти дил,
Марҳалаҳои нуҳ фалак ҳаст, яқин, ду гоми дил!