Имрӯз зи ҳад мегузарад сӯзи фироқ

Имрӯз зи ҳад мегузарад сӯзи фироқ,
В-ин шуълаи оҳи оташафрӯзи фироқ.
Рӯзи аҷабе пеши ман омад, ё Раб,
Ин рӯзи қиёмат аст ё рӯзи фироқ?