Имрӯз ҷунуни нав расидаст

11

Имрӯз ҷунуни нав расидаст,
Занҷири ҳазор дил кашидаст.

Имрӯз зи кандаҳои аблуҷ1
Паҳлӯйи ҷуволҳо даридаст!

Боз он бадавӣ ба ҳаҷдаҳи қалб
Он Юсуфи ҳуснро харидаст!

Ҷонҳо ҳама шаб ба иззу иқбол,
Дар наргису ёсамин чаридаст!

То лоҷарам аз пагоҳ ҳар ҷон
Чолоку латиф барҷаҳидаст!

Имрӯз бунафшазору лола
Аз сангу кулӯх бардамидаст.

Бишкуфт дарахт дар зимистон,
Дар баҳман меваҳо пазидаст.

Гӯйӣ, ки Худой оламе нав
Дар олами куҳна офаридаст!

Ай орифи ошиқ, ин ғазал гӯ,
К-ат ишқ зи ошиқон гузидаст!

Шояд, ки навозад он дилеро,
К-андар ғами ӯ басе тапидаст!

Хомӯшу тафарруҷи чаман кун,
К-имрӯз ниёбати ду дида-ст!


1 Шакар, қанд.