Ай карда миёни сина ғорат

112

Ай карда миёни сина ғорат,
Ай ҷону ҳазор ҷон шикорат!

Ҷуз куштани ошиқон чи шуғлат?!
Ҷуз куштани халқ чист корат?!

Май каш, ки дуруст бод дастат,
Ай ҷони ҷаҳониён нисорат!

Бас куштаи зиндаро, ки дидам
Аз ғамзаи чашми пурхуморат!

Бас сокини беқарор дидам,
Дар оташи ишқ беқарорат!

Як мурда ба хок дарнамонад,
Гар ранҷа шавӣ, кунӣ зиёрат!

Ҷон бӯсад хоки ту ба ҳар дам
Бар бӯйи канори беканорат!