Ифтихор аз Ватан

1. Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод1 Бухорост2,
Куҷо мири Хуросон3 аст, пирӯзӣ4 он ҷост.

2. Соқӣ, ту бидеҳ бодаву мутриб, ту бизан руд5,
То май хӯрам имрӯз, ки вақти тараби мост.

3. Май ҳасту дирам ҳасту бути лоларухон ҳаст,
Ғам нест в-агар ҳаст, насиби дили аъдост6.

ВАЗН: Ҳазаҷи мусамманиахрабу макфуф (мафъӯлу мафоӣлу мафоӣлу мафоӣл).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: Бухоро, онҷо, мо, аъдо.

РАДИФ: аст.

Луғат:

1. Бағдод: дар замони Рӯдакӣ пойтахти хилофати исломӣ буд ва аз он ҷо тамоми мамлакатҳои исломиро халифа идора мекард.

2. Бухоро: пойтахти давлати Сомониён.

3. Хуросон: сарзамине, ки Сомониён ҳукумат доштанд.

4. Пирӯзӣ: фатҳу зафар, ғалаба.

5. Руд: номи асбоби мусиқӣ.

6. Аъдо: душманон.

Маънии байти 1: Имрӯз Ватани мо — Бухоро бо Бағдод- маркази хилофат баробарӣ дорад ва амири мо, шоҳи Хуросон ба ҳар куҷо лашкар мекашад, ғалаба мекунад.

Маънии байти 2: Эй соқӣ, ту шароб биёру эй навозанда, ту руд бинавоз, то май хӯрему шодмонӣ кунем, ки имрӯз рӯзи шодмонии мост.

Маънии байти 3: Ба кӯшиши амири Хуросон амнияти кишвар таъмин асту асбоби вақтхушии мо муҳайёст, шароб ҳасту пулу мол ҳаст ва дилбаракони зеборӯй бо моянд, ғам нест, агар ҳаст, насиби душмонони мост.