Нигори нозанин

1. Гирифт хоҳам зулфайни1 анбарини туро,
Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини2 туро.

2. Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ,
Ҳазор саҷда3 барам хоки он замини туро.

3. Ҳазор бӯса диҳам бар сиҳои4 номаи ту,
Агар бубинам бар муҳри ӯ нигини5 туро.

4. Ба теғи ҳиндӣ, гӯ, дасти ман ҷудо бикунанд,
Агар нагирам рӯзе ман остини туро6.

5. Агарчи хомӯш мардум, ки шеър бояд гуфт,
Забони ман ба равӣ7 гардад офарини туро.

ВАЗН: Муҷтаси мусаммани макбуни маҳзуф (мафоилун фаилотун мафоилун фаилун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: анбарин, ёсамин, замин, нигин…

РАДИФ: туро.

Луғат:

1. Зулфин: зулфайн — ду зулф.

2. Барги ёсамин: номи гул, истиора аз ду рӯйи маъшуқа.

3. Саҷда: таъзим

4. Сиҳои нома: он чӣ, ки нома, мактубро бо вай мебанданд

5. Нигин: ангуштарини муҳрдор.

6. Остини касеро гирифтан: дар талаби касе будан, аз касе ёрӣ хостан, муродифи маъмули он домани касеро гирифтан аст.

7. Равӣ: зиёд, фаровон.

Маънии байти 1: Мехоҳам ду зулфи анбарбӯйи туро ба даст бигираму ба ду рухсори чун барги ёсамини ту бӯса занам.

Маънии байти 2: Ҳар он ҷойи замин, ки ту, лоақал, як бор қадам ниҳодаӣ, мехоҳам ба он қадамҷойи ту ҳазор бор саҷда кунам.

Маънии байти 3: Агар рӯзе ба номи ман нома биёяду дар он нишони муҳри туро бибинам, қабл аз кушодани нома ҳазор бор риштаи муҳри онро мебӯсам.

Маънии байти 4: Агар лаҳзае аз ту ғофил бошаму даст аз домани ту баргирам, бифармо, то бо теғи ҳиндӣ дасти маро бибурранд.

Маънии байти 5: Агарчи сукути мардум аз ман талаби шеър гуфтан аст, забони ман ба такрори зиёд таҳсини ту мекунаду бас.