Ишқи ҷонон дар ҷаҳон ҳаргиз набудӣ кошкӣ

590

Ишқи ҷонон дар ҷаҳон ҳаргиз набудӣ кошкӣ,
Ё чу буд андар дилам, камтар фузудӣ кошкӣ.

Озмудам дарду доғи ишқ боре сад ҳазор,
Ҳамчу ман маъшуқ як раҳ озмудӣ кошкӣ.

Нағнавидам1, з-он хаёлашро намебинам ба хоб,
Дидаи гирёни ман як шаб ғунудӣ кошкӣ.

Аз чӣ нанмояд ба ман дидори хеш он дилфурӯз?
Розиям, розӣ, чунон рӯй ар намудӣ кошкӣ.

Ҳар замон гӯям зи доғи ишқу тимори фироқ,
Дил рабуд аз ман нигорам, ҷон рабудӣ кошкӣ.

Нолаҳои зори ман шояд ки гар кас нашнавад,
Лобаҳои зори ман як шаб шунудӣ кошкӣ.

Саъдӣ аз ҷон мехурад савганду мегӯяд ба дил:
Ваъдаҳояшро вафо боре намудӣ кошкӣ.


1 Наёрамидам, нахобидам.