Ишқ ба кишвари вафо дод навиди шоҳиям

Ишқ ба кишвари вафо дод навиди шоҳиям,
Навбати шоҳиям бувад нолаи субҳгоҳиям.

Гар ба фароғат аз туам таъни гунаҳ занад касе,
Чеҳра ба хун нигор бас ҳуҷҷати бегуноҳиям.

Ҷуз ту нахоҳам аз ҷаҳон орзуи дигар, вале
Хоҳиши ман чӣ фоида, чун ту ҳаме нахоҳиям?

Даъвии меҳрам ар кунӣ, равшанам аз куҷо шавад,
Дил чу ба сидқи ин сухан менадиҳад гувоҳиям.

Ту шаҳию бутон сипаҳ, сар чӣ кашам зи банди шаҳ
Ман, ки ба рибқаи вафо бандаи ҳар сипоҳиям?

Ҳарфе агар занам рақам, ҳоли даруни хуншуда,
Аз сари хома хун чакад, сурх шавад сиёҳиям.

Лоба кунӣ, ки Ҷомӣ, аз тоби ғамам чӣ гунаӣ,
Тоби ғами ту филмасал, тобаву ман чу моҳиям.