Кас нест аниси дили ғампарвари ман

Кас нест аниси дили ғампарвари ман,
То пок кунад ашк зи чашми тари ман,
Сӯям ҳама оби чашм меояду бас,
Он низ равон мегузарад аз сари ман.