Кори ман ин аст, ки корем нест

166

Кори ман ин аст, ки корем нест,
Ошиқам, аз ишқи ту орем нест!

То ки маро шери ғамат сайд кард,
Ҷуз ки ҳамин шер шикорем нест!

Дар таки ин баҳр чи хуш гавҳарӣ,
Ки масали мавҷ қарорем нест!

Бар лаби баҳри ту муқимам, муқим,
Масти лабам, гарчи канорем нест!

Вақф кунам ишками худ бар маят,
К-аз майи ту ҳеч қарорем нест!

Мерасадам бодаи ту з-осмон,
Миннати ҳар шӣрафишорем нест!

Бодаат аз кӯҳ сукунат барад,
Айб макун, з-он ки виқорем нест!

Мулки ҷаҳон гирам чун офтоб,
Гарчи сипоҳему суворем нест!

Мекашам аз Миср шакар сӯйи Рум,
Гарчи шутурбону қаторем нест!

Гарчи надорам ба ҷаҳон сарваре,
Дарди сари беҳуда борем нест!

Бар сари кӯйи ту маро хона гир,
К-аз сари кӯйи ту гузорем нест!

Ҳамчу шакар бо гулат омехтам,
Нест аҷаб, гар сари хорем нест!

Қутби ҷаҳонӣ, ҳамаро рӯ ба туст,
Ҷуз ки ба гирди ту даворем нест!

Хеши ман он аст, ки аз ишқ зод,
Хуштар аз ин хешу таборем нест!

Чист фузун аз ду ҷаҳон?! Шаҳри ишқ!
Биҳтар аз ин шаҳру диёрем нест!

Гар нанигорам сухане баъд аз ин,
Нест аз он рӯ, ки нигорем нест!