Пештар о, рӯйи ту ҷуз нур нест

165

Пештар о, рӯйи ту ҷуз нур нест,
Кист, ки аз ишқи ту махмур нест?!

Не ғалатам дар талаби ҷони ҷон,
Пеш маё, пас бимарав, дур нест!

Талъати хуршед куҷо барнатофт?!
Моҳ бари кист, ки машҳур нест?!

Пардаи андеша ҷуз андеша нест,
Тарк кун андеша, ки мастур нест!

Ай шакарӣ, дур зи ваҳми магас,
В-ай асалӣ, к-аз тани занбӯр нест!

Ҳар ки хурад ғуссаву ғам баъд аз ин,
Бо рухи чун моҳи ту маъзур нест!

Ҳар дили беишқ, агар подшост,
Ҷуз кафани атласу ҷуз гӯр нест!

Тобиши андешаи ҳар мункире
Мақти1 Худо бинад, агар кӯр нест!

Пиру ҷавон, к — ӯ хурад оби ҳаёт,
Марг бар ӯ нофизу майсур2 нест!

Пардаи Ҳақ хост шудан моҳу хур,
Ишқ шиносид, ки ӯ ҳур нест!

Мафхари Табрез туйӣ, Шамси дин,
Гуфтани асрори ту дастур нест!


1 Кина, ғазаб.
2 Осон.