Кӯҳ наям, санг наям, чун ки гудозон нашавам?!

489

Кӯҳ наям, санг наям, чун ки гудозон нашавам?!
Дидам ҷамъийяти ту, чун ки парешон нашавам?!

Кӯҳ зи кӯҳе биравад, санг зи санге бишавад,
Пас, ман агар одамиям, камтар аз эшон нашавам!

Оҳану пӯлоду ҳаҷар дар кафи ту мум шавад,
Ман, ки ҳама муми туам, чун ки бад-ин сон нашавам?!