Кори маро чу ӯ кунад, кори дигар чаро кунам?!

490

Кори маро чу ӯ кунад, кори дигар чаро кунам?!
Чунки чашидам аз лабаш, ёди шакар чаро кунам?!

Аз гулзор чун равам, ҷониби хор чун шавам?!
Аз пайи шаб чу мурғи шаб тарки саҳар чаро кунам?!

Бода агарчи мех(в)арам, ақл нарафт аз сарам,
Маҷлиси чун биҳиштро зеру забар чаро кунам?!

Чунки камар бибастаам баҳри чунон қамаррухе,
Аз пайи ҳар ситора, гӯ, тарки қамар чаро кунам?!

Бар сари чархи ҳафтумин номи замин чаро барам?!
Ғайрати ҳар фариштаам, зикри башар чаро кунам?!