Ҳар шабу ҳар саҳар туро ман ба дуъо бихостам

491

Ҳар шабу ҳар саҳар туро ман ба дуъо бихостам,
То ба чи шеваҳо туро ман зи Худо бихостам?!

То шавӣ аз суҷуди ман мӯниси ин вуҷуди ман,
Худ бишуд ин вуҷуди ман, чунки туро бихостам!

Дар пайи офтоби ту соя будам зиёталаб,
Пок чу соя хӯрдиям, чунки зиё бихостам!

Оҳаниям, зи ишқи ту хоста нури ойина,
Оташу захм мехурам, чунки сафо бихостам!

Сӯйи ту чун шитофтам, ҷойи қадам наёфтам,
Пок зи ҷо бибурдиям, чун зи ту ҷо бихостам!