Макун, макун, ки пушаймон шавиву бад бошад

331

Макун, макун, ки пушаймон шавиву бад бошад,
Ки бе инояти ҷон боғ чун лаҳад бошад!

Чи риш барканӣ аз ғуссаву пушаймонӣ,
Чу риши ақли ту дар дасти колбад бошад?!

Бикун муҷоҳида бо нафсу ҷанги ришориш,
Ки сулҳро зи чунин ҷангҳо мадад бошад.

В-агар гурез кунӣ ҳамчу оҳу аз кафи шер,
Зи ту гурезад он моҳ, бар асад бошад!

На гӯши ту сухани ёри миҳрбон шунавад,
На пеши чашми ту дилдори сарвқад бошад!

Нишин ба киштии рӯҳу бигир домани Нӯҳ
Ба баҳри ишқ, ки ҳар лаҳза ҷазру мад бошад!

Гузар зи нозу малӯлӣ, ки ноз они ту нест,
Ки он вазифаи он ёри моҳхад бошад!

Чи зулм кардам бар ҳусни ӯ, ки маҳ гуфтам?!
Сад офтобу фалакро бар ӯ ҳасад бошад!

Хамӯш бошу магӯ, регро шумор макун,
Шумор чун кунӣ онро, ки беадад бошад?!