Маҳо, ба дил назаре кун, ки дил туро дорад

330

Маҳо, ба дил назаре кун, ки дил туро дорад,
Ки рӯзу шаб ба муроъотат иқтизо1 дорад!

Зи шодиву зи фараҳ дар ҷаҳон намегунҷад,
Ки чун ту ёри дилороми хушлиқо дорад!

Ҳамерасад ба гиребони осмон дасташ,
Ки ӯ чу соя зи моҳи ту муқтадо2 дорад!

Зи офтоби ту онро, ки пушт гарм шавад,
Чаро далер набошад, ҳазар чаро дорад?!

Чаро ба панҷа камаргоҳи кӯҳро накашад,
Касе, ки з-атласи ишқи хушат қабо дорад?!

Ту худ ҷафо накунӣ в-ар кунӣ ҷафо бар дил,
Бикун, бикун, ки ба кирдори ту ризо дорад!

Чаро набошад розӣ бад-он ҷафои латиф,
Ки ӯ таровати обу дами сабо дорад?!

Дар оташи ғами ту ҳамчу уд атторест
Дили шариф, ки ӯ доғи анбиё дорад!

Хамуш, хамуш, ки суханофарини маънибахш
Буруни гуфт суханҳои ҷонфазо дорад!


1 Талаб, хоҳиш, дархост.
2 Пешво, раҳнамо.