Сипосу шукр Худоро, ки бандҳо бикшод

329

Сипосу шукр Худоро, ки бандҳо бикшод,
Миён ба шукр чу бастем, банди мо бикшод!

Ба ҷон расид фалак аз дуъову нолаи ман,
Фалак даҳони худ андар раҳи дуъо бикшод!

Зи баски синаи мо сӯхт дар вафо ҷустан,
Зи шарми мо арақ аз сурати вафо бикшод!

Адими рӯйи Суҳайлем, ҳар куҷо бинмуд,
Ғуломи чашмаи ишқем, ҳар куҷо бикшод!

Паси даричаи дил сад дари ниҳонӣ буд,
Ки баста буд Худо, бандаи Худо бикшод!

Дар ин саро, ки ду қандил моҳу хуршед аст,
Худо зи ҷониби дил равзани саро бикшод!

«Аласт» гуфт Ҳақу ҷонҳо «бале» гуфтанд,
Барои сидқи «бале» Ҳақ раҳи бало бикшод!