Ман зи гӯши ӯ бидуздам ҳалқаи дигар ниҳон

710

Ман зи гӯши ӯ бидуздам ҳалқаи дигар ниҳон,
То надонад чашми душман в-ар бидонад, гӯ бидон!

Бар рухам хатте набишту ман ниҳон медоштам,
З-ин сипас пинҳон надорам, ҳар ки хонад, гӯ бихон!

Тавқи зарри ишқи ӯ ҳам лойиқи ин гардан аст,
Бишканад аз тавқи ишқаш гардани гарданкашон!

Кӯси маҳмудӣ ҳама бар уштури Маҳмуд бод!
Бори дил ҳам дил кашад, маҳрам куҷо бошад забон?!

Ойинай оҳандиле бояд, ки то захмаш кашад,
Захми ойина набошад дархури ойинадон!

Лек рӯйи дӯст бинӣ, бехабар бошӣ зи захм,
Чун занони Миср бехуд дар ҷамоли Юсуфон!

Сад ҳазорон ҳусни Юсуф дар ҷамоли рӯйи кист?!
Шамси Табрезии мо — он хушнишини хушнишон!