Муҳрае аз ҷон рабудам бедаҳону бедаҳон

709

Муҳрае аз ҷон рабудам бедаҳону бедаҳон,
Гар рақиби ӯ бидонад, гӯ бидону гӯ, бидон!

Сирри ӯро нақш кардам, нақш кардам, нақш, нақш,
Ҳар ки хоҳад, гӯ бихону гӯ бихону гӯ бихон!

Пеш мункир мешудам: «Ман нестам, ман нестам!»,
Ҳастам акнун дар миёну дар миёну дар миён!

Гар нагӯйӣ: «Ку дурустӣ, ку дурустӣ, ку гувоҳ?»
Дар шикасти ман баёну сад баёну сад баён!

Ашки чашмам бас гувоҳу бас гувоҳу бас гувоҳ,
Ранги рӯям бас нишону бас нишону бас нишон!

Нак нишони лоларӯе, лоларӯе, лолае,
Бар рухи ман заъфарону заъфарону заъфарон!

Ҷуз Салоҳуддин надорад ин суханро, ин сухан:
«Ман ғуломи зиракону зиракону зиракон!»