Маро ҳар дам ҳамегӯяд, ки баргӯ қитъае ширин

671

Маро ҳар дам ҳамегӯяд, ки баргӯ қитъае ширин,
Ба ҳар байте яке бӯса бидиҳ, паҳлӯйи ман биншин!

Зиҳӣ бӯса, зиҳӣ бӯса, зиҳӣ ҳалвову самбӯса,
Барорад шир аз санге, ки оҷиз гашт аз ӯ метин!

Ту бӯсай ишқро дидӣ магар, ай дил, ки парридӣ,
Ки ҳар ҷузват шудаст, ай дил, чу лаб нолону бӯсачин!

Чу талқин гуфт Пайғамбар шаҳидони раҳи Ҳақро,
Ту ҳам ҳар куштаи худро, биё, бархон яке талқин!

Ба талқин гар кунӣ нийят, бипаррад мурда дар соъат,
Кафан гардад бар ӯ атлас, зи гӯраш бардамад насрин!

Бикун бемаркаб ин танро, дило, чун ту наёсойӣ,
Чи осойӣ аз он маркаб, ки ланг асту зи иллиййин?!

Бикан пай уштуреро, к-ӯ наёяд дар паят ҳаргиз,
Ба хористон ҳамегардад, ки хор афтод ӯро тин!

Чу ӯро пай канӣ, дар дам чу киштӣ раҳ равад бепо,
Зи мавҷи баҳри бепоён набуррад бодбони дин!