Чӣ донистам, ки ин савдо маро з-ин сон кунад Маҷнун

670

Чӣ донистам, ки ин савдо маро з-ин сон кунад Маҷнун,
Диламро дӯзахе созад, ду чашмамро кунад Ҷайҳун.

Чӣ донистам, ки селобе маро ногоҳ бирбояд,
Чу киштиям дарандозад миёни қулзуми пурхун.

Занад мавҷе бар он киштӣ, ки тахта-тахта бишкофад,
Ки ҳар тахта фурӯ резад зи гардишҳои гуногун.

Наҳанге ҳам барорад сар, хурад он оби дарёро,
Чун он дарёи бепоён шавад бе об чун ҳомун.

Шикофад низ он ҳомун наҳанги баҳрфарсоро,
Кашад дар қаър ногоҳон ба дасти қаҳр чун Қорун.

Чун ин табдилҳо омад, на ҳомун монду на дарё,
Чи донам ман дигар чун шуд, ки чун ғарқ аст дар бечун.

Чи донамҳои бисёр аст, лекин ман намедонам,
Ки хурдам аз даҳонбандӣ дар он дарё кафе афюн.