Чу афтам ман зи ишқи дил ба пойи дилрабойи ман

669

Чу афтам ман зи ишқи дил ба пойи дилрабойи ман,
Аз он шодӣ биёяд ҷон, ниҳон афтад ба пойи ман!

В-агар рӯзе дар он хидмат кунам тақсир, ногоҳон
Шавад ҷон хасми ҷони ман, кунад ин дил сазойи ман!

Саҳаргоҳе дуъо кардам, ки ҷонам хоки пойи ӯ,
Шунидам наъраи омин зи ҷон андар дуъои ман!

Чи гуна роҳ бурд ин дил ба сӯйи дилбари пинҳон?!
Чи гуна бӯй бурд ин ҷон, ки ҳаст ӯ ҷонфазойи ман?!

Яке ҷоме ба пешам дошту ман аз ноз гуфтам: «Не»,
Бигуфто: «Не магӯ, бистон барои ман, баройи ман?».

Чу як қатра чашидам ман, зи завқ андаркашидам ман,
Яке ратле, ки шуд бӯяш дар ин раҳ раҳнамойи ман!