Мо ба хирмангоҳи ҷон бозомадем

609

Мо ба хирмангоҳи ҷон бозомадем,
Ҷониби шаҳ ҳамчу шаҳбоз омадем!

Сер гаштем аз ғарибиву фироқ,
Сӯйи аслу сӯйи оғоз омадем!

Вораҳидем аз гадойиву ниёз,
Пойкӯбон ҷониби ноз омадем!

Дар канори маҳрамон ҷон парварем,
Чунки андар пардаи роз омадем!

Ӯ каманд андохт, моро баркашид,
Мо ба дасти сониъ ангоз омадем!

Пеш аз он, к-ин хона вайрон кард аҷал,
Ҳамдулиллаҳ, хонапардоз омадем!

Нони мо пухтасту бӯяш мерасад,
То ба бӯйи нон ба хаббоз1 омадем!

Ҳин, Хамуш кун, то бигӯяд тарҷумон,
К-аз мазаллат сӯйи иъзоз омадем!


1 Нонпаз, нонво.