Рӯзи борон асту мо ҷӯ меканем

610

Рӯзи борон асту мо ҷӯ меканем,
Бар умеди васл дасте мезанем!

Абрҳо обистан аз дарёи ишқ,
Мо зи абри ишқ ҳам обистанем!

Ту магӯ мутриб наям, дасте бизан,
Ту биё, мо худ туро мутриб кунем!

Равшан аст он хона, гӯйӣ, они кист?!
Мо ғуломи хонаҳои равшанем!

Мо ҳиҷоби оби ҳайвони худем,
Бар сари он об мо чун равғанем!