Мо оташи ишқем, ки дар мум расидем

527

Мо оташи ишқем, ки дар мум расидем,
Чун шамъ ба парвонаи мазлум расидем!

Як ҳамлаи мардонаи мастона бикардем,
То илм бидодему ба маълум расидем!

Дар манзили аввал ба дуфарсангии ҳастӣ
Дар қофилаи уммати марҳум расидем!

Он маҳ, ки на болосту на паст аст, битобид,
В-он ҷо, ки на маҳмуду на мазмум, расидем!

То ҳазрати он лаъл, ки дар кавн нигунҷад,
Бар кӯрии ҳар сангдили шум расидем!

Бо ояти курсӣ ба суйи арш паридем,
То ҳай бидидему ба қайюм расидем!

Имрӯз аз он боғ чи бобаргу навоем,
То зан набарӣ, хоҷа, ки маҳрум расидем!

Вайрона ба бумон бигузорем чу бозон,
Мо бум наем, арчи дар ин бум расидем!

Зуннор гусастем бари қайсари румӣ,
Табрез бибар қисса, ки дар Рум расидем!