Табибем, ҳакимем, табибони қадимем

526

Табибем, ҳакимем, табибони қадимем,
Шаробему кабобем, Суҳайлему адимем1!

Чу ранҷуртан оед, чу маъҷуни наҷоҳем2,
Чу бемордил оед, нигорему надимем!

Табибон бигурезанд, чу ранҷур бимирад,
Вале мо нагурезем, ки мо ёри каримем!

Шитобед, шитобед, ки мо бар сари роҳем,
Ҷаҳон дархури мо нест, ки мо нозу наъимем!

Ғалат рафт, ғалат рафт, ки ин нақш на моем,
Ки тан шохи дарахтесту мо боди насимем!

Вале ҷунбиши ин шох ҳам аз фиъли насим аст,
Хамуш бош, хамуш бош, ҳам онему ҳам инем!


1 Рӯйи замин.
2 Растагор.