Мо сару панҷаву қувват на аз ин ҷон дорем

602

Мо сару панҷаву қувват на аз ин ҷон дорем,
Мо кару фарри саъодат на зи кайвон дорем!

Оташи давлати мо нест зи хуршеду асир,
Субуҳоти рухи тобанда зи субҳон дорем!

Рагу пай неву дар он Даҷлаи хун меҷӯшем,
Дасту по неву дар он маърака ҷавлон дорем!

Ҳафт дарё бари мо ғарқаи як қатра бувад,
Ки ба каф шаъшаъаи ҷавҳари инсон дорем!

Чи кам, ар сар набувад, чунки саросар ҷонем,
Чи ғам, ар зар набувад, чун мадад аз кон дорем!

Бӯҳурайрасифатему ба гаҳи доду ситад
Дил бад-он собиқаву даст дар анбон дорем!

Аҳраман, деву парӣ ҷумла ба ҷон ошиқи мост,
Чунки дар ишқи Худо мулки Сулаймон дорем!

Дар чаҳу ҳабси ҷаҳон гарчи раҳини далвем,
Чанд Яъқуби дилошуфта ба Канъон дорем?!

Шамси Табрез шаҳаншоҳи ҳама мардон аст,
Мо аз он қутби ҷаҳон ҳуҷҷату бурҳон дорем!