Соқиё, арбада кардем, ки дар ҷанг шавем

601

Соқиё, арбада кардем, ки дар ҷанг шавем,
Майи гулранг бидиҳ, то ҳама якранг шавем!

Сурати лутфи сақиллоҳ туйӣ дар ду ҷаҳон,
Рухи майранг намо, то ҳамагон данг шавем!

Бода мансуҷ шавад, чун ба сифат бода шавем,
Банг мансух шавад, чун ҳамагӣ банг шавем!

Ҳин, ки андешаи ғам паҳлуйи мо хона гирифт,
Бода диҳ, то ки аз ӯ мо ба ду фарсанг шавем!

Мутрибо, баҳри Худо, захмаи мастона бизан,
То зи захми хуши ту сохта чун чанг шавем!

Маҷлиси қайсари Рум аст, бидиҳ сайқали дил,
То ки чун ойинаи ҷон ҳама безанг шавем!

Як ҷаҳон тангдилу мо зи фарохии нишот
Як нафас ошиқи онем, ки дилтанг шавем!

Душмани ақл кӣ дидаст, к-аз омезиши ӯ
Ҳама ақлу ҳама илму ҳама фарҳанг шавем?!

Шамси Табрез чу дар боғи сафо рӯ бинмуд,
Зуд дар гардани ишқаш ҳама ованг шавем!