Мо шохи гулем, не гиёҳем

574

Мо шохи гулем, не гиёҳем,
Мо меваи тарру тоза хоҳем!

Ушкуфаи боғи осмонем,
Нуқлу майи маҷлиси Илоҳем!

Мо ҷӯй наем, балки обем,
Мо абр наем, балки моҳем!

Лавҳу қаламем, не ҳуруфем,
Теғу аламем, не сипоҳем!

Ҳам хастаи ғамзаи чу тирем,
Ҳам бастаи турраи сиёҳем!