Не симу на зар, на мол хоҳем

573

Не симу на зар, на мол хоҳем,
Аз лутфи ту парру бол хоҳем!

На ҳокимиву на ҳукм хоҳем,
Бар ҳукми ту иҳтимол хоҳем!

Ай умри азиз, умри мо бош,
Не ҳафта, на маҳ, на сол хоҳем!

Мо бадр наему аз пайи бадр
Худро чу қади ҳилол хоҳем!

Аз баҳри мутолиъай хаёлат
Худро ба кам аз хаёл хоҳем!

Чун далви мусофирони чоҳем,
К-он Юсуфи хушхисол хоҳем!

Чун ойина нақши худ зудоем,
Чун акси чунон ҷамол хоҳем!

Чун чашм назар кунад ба ҷуз ту,
Ҷонро зи ту гӯшмол хоҳем!

Хомӯш, зи қол чанд лофӣ?!
Чун ҳол омад, чи қол хоҳем?!