Нанги олам шудан аз баҳри ту нанге набувад

286

Нанги олам шудан аз баҳри ту нанге набувад,
Бо дили мурдадилон ҳоҷати ҷанге набувад!

Ишқ ширинии ҷон асту ҳама чошнӣ аст,
Чошниву мазаро сурату ранге набувад!

Ишқ шохест зи дарё, ки дарояд дар дил,
Ҷойи дарёву гуҳар синаи танге набувад!

Соҳили нафс раҳо кун, ба таги дарё рав,
К-андар ин баҳр туро хавфи наҳанге набувад!

Сурати ҳар ду ҷаҳон ҷумла зи ойӣнаи ишқ
Бинамояд, чу ки бар ойина занге набувад!

Кори рӯбаҳ набувад ишқ, ки ҳар рӯбаҳро
Ҳамлаи шери нару кибри паланге набувад!