Ҳар ки аз ҳалқаи мо ҷойи дигар бигрезад

285

Ҳар ки аз ҳалқаи мо ҷойи дигар бигрезад,
Ҳамчунон бошад, к-аз самъу басар бигрезад!

З-он хурад хуни ҷигар ошиқ, зеро шер аст,
Шердил кай бувад он, к-ӯ зи ҷигар бигрезад?!

Дил чу тӯтӣ буваду ҷаври дилором шакар,
Тӯтие дид касе, к-ӯ зи шакар бигрезад?!

Пашша бошад, ки ба ҳар боди мухолиф биравад,
Дузди шаб бошад, к-аз нури қамар бигрезад!

Ҳар сареро, ки Худо хираву колева кунад,
Садри ҷаннат биҳилад, сӯйи сақар бигрезад!

В-он ки воқиф бувад аз марг, суви марг гурехт,
Сӯйи мулки абаду тоҷу камар бигрезад!

Чун қазо гуфт: «Фалонӣ ба сафар хоҳад мурд»,
Он кас аз бими аҷал сӯйи сафар бигрезад!

Бас куну сайд макун он, ки наярзад ба шикор,
Ки хаёли шабу шаб ҳам зи саҳар бигрезад!